Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти корманди ал Қоида дар Покистон рад шуд


Мақомоти амниятии Покистон гузоришҳоро дар ин бора, ки як сухангӯи ал Қоида, зодаи Амрико дар Покистон боздошт шудааст, рад карданд. Рӯзи якшанбе аз қавли мақомоти Покистон гуфта шуд, ки Адам Гадаҳн-сокини ба ислом гаравидаи Калифорнияи Амрико дар рӯзҳои наздик дар шаҳри Карочӣ боздошт шудааст. Аммо мақомоти амниятӣ, ки аз бурдани номашон худдорӣ кардаанд, мегӯянд, шахси боздоштшудаи ал Қоида Амрикоист, вале вай Адам Гадаҳн нест. Сафорати Амрико дар Исломобод низ гуфтаст, ки дар бораи боздошти Адам Гадаҳн маълумот дарёфт накардааст.
XS
SM
MD
LG