Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Туркия гуфтаанд, дар зилзилаи шадиде дар шарқи ин кишвар, дастикам 57 нафар кушта шудаанд. Маркази ин зилзила дар 550-километрии шарқи Анқара - пойтахти Туркия қарор доштааст.

Маркази бӯҳроншиносии ҳукумати Туркия гуфтааст, дар ин зилзила, ки шиддати он тақрибан 6,2 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст, 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Маркази зилзилашиносии Туркия гуфтааст, баъд аз ин зилзилаи шадид инчунин 30 пасларзаи дигари замин низ сабт шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба бузургии ин заминларза нигарониҳое дар мавриди эҳтимоли афзоиши талафот ва хисороти он иброз шудааст.

Гурӯҳҳои имдодии Ҳилоли Аҳмари Туркия ба манотиқи осебдида фиристода ва маркази баррасии мизони ниёзмандии осебдидагон ба кӯмак созмон ёфтааст. Гурӯҳҳои наҷот машғули ҷустуҷӯ ва берун овардани касонеанд, ки эҳтимолан зери харобиҳо монда бошанд.

Туркия минтақае зилзилахез маҳсуб мешавад ва вуқӯъи як заминларзаи 7.4 баллӣ дар соли 1999 дар Туркия ҷони камобеш ҳаждаҳ ҳазор нафарро гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG