Пайвандҳои дастрасӣ

Дар зилзилаи Туркия 57 нафар кушта шудаанд


Мақомоти Туркия мегӯяд, дар зилзилаи шадиде, ки дар шарқи ин кишвар рух додааст, дастикам, 57 нафар кушта шудаанд. Конуни ин зилзила дар вилояти Элазиг, воқеъ дар 550 километрии шарқи Анкара-пойтахти Туркия қарор доштааст. Маркази бӯҳроншиносии ҳукумати Туркия гуфтааст, дар ин зилзила, ки шиддати он тақрибан 6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст, 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Маркази зилзилашиносии Туркия гуфтааст, ки баъд аз зилзилаи аслӣ 30 дафъаи дигар замин ларзидааст.
XS
SM
MD
LG