Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Роберт Гейтс зимни боздид аз Афғонистон


Имрӯз Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико барои як боздид аз Афғонистон вориди Кобул шуд. Вай ҳушдор дод, ки дар ҷанг бар зидди Толибон "рӯзҳои сахте дар пеш аст". Қабл аз фуруди ҳавопаймояш дар Кобул вай ба рӯзноманигорон эътироф кард, ки дар амалиёти ахир бар зидди Толибон дар вилояти Ҳилманд пешрафт ба даст омадааст, вале вай ҳушдор дод, ки набояд зуд аз чунин пешрафтҳо қаноатманд шуд, зеро "даргириҳои сахт ҳанӯз дар пеш аст". Роберт Гейтс ҳамчунин ба Эрон ҳушдор дод ва гуфт, Амрико барои талошҳои хашмгинонаи Эрон ҷиҳати тахриби кӯшишҳои Амрико дар ҷанги Афғонистон посух хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG