Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия иваз кардани мошинҳои кӯҳна оғоз шуд


Аз имрӯз Русия ба иҷрои барномаи аз байн бурдани автомобилҳои кӯҳнаи дорои собиқаи беш аз 10-сола шурӯъ кард. Иҷрои ин барнома то 1-ӯми ноябри соли ҷорӣ давом мекунад ва тибқи он соҳибони чунин автомобилҳо мошинҳои кӯҳнаи худро барои оҳанпора ба давлат месупоранд ва имтиёз пайдо мекунанд, ки 50 000 рубл ( $1 700 ) арзонтар аз нархи аслӣ соҳиби мошини нави сохти русӣ шаванд. Бад-ин тариқ онҳо мошинҳои фарсудаи худро бо мошинҳои нав иваз мекунанд. Ҳукумати Русия мегӯяд, барои иҷрои ин барнома 11,5 миллиард рубл ихтисос додааст ва он барои иваз кардани 200 000 мошин кифоят мекунад.
XS
SM
MD
LG