Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи пурқурбонӣ


Таркиш дар наздикиҳои яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Бағдод
Таркиш дар наздикиҳои яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Бағдод

Раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии Ироқ поён ёфт. Ба гуфтаи коршиносон, он яке аз пурқурбонитарин маъракаҳои сиёсӣ дар таърихи навини Ироқ буд.

Бар асари тақрибан 20 таркиш дар пойтахти кишвар - Бағдод ва шаҳрҳои Фалуҷа, Бақуба ва Самарра дасти кам 36 нафар кушта ва тақриабн сад каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Қосим Ал-Мусавӣ, сухангӯи хадамоти амниятии Ироқ, ба хабаргузориҳо гуфт, ки таркишҳо асосан дар маҳаллаҳои суннинишин ва дар атрофи пойтахт ба вуқӯъ пайвастанд.

Ва аммо ба назар мерасад, ки ин ҳамлаҳо садди роҳи мардум нашуданд ва ба иттилои пешакии Комиссиюни мустақили интихобот, дар баъзе шаҳрҳо то нимарӯзӣ бештар аз 50 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй овоз доданд.

Хабарнигори бахши ироқии Радиои Озодӣ низ гузориш дод, ки субҳ теъдоди интихобкунандагон дар Бағдод зиёд набуд ва аммо давоми рӯз теъдоди онҳо афзоиш меёфт.

Як сокини Бағдод ба хабаргузории Reuters гуфт, «мо субҳ садои таркишро шунидем. Саҳари барвақт дар назди мактаб, ки қитъаи раъйдиҳӣ он ҷо воқеъ аст, чанд инфиҷор рух дод ва баъдан таркишҳо ҳарчӣ наздиктар шуданд ва дар ин ҷо тири миномёт таркид. Таркишҳо моро тарсонида наметавонанд. Мо одамони соҳибэътиқодем ва, бо вуҷуди паёмҳои хушунатбори террористҳо, раъй хоҳем дод».

Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, низ баъди раъйдиҳӣ дар Бағдод гуфт, ки ҳамлаҳо тавони шикастани рӯҳи мардумро надоранд. Ӯ афзуд, “мардуми Ироқ то куҷо муҳим будани раъйҳои худро фаҳмиданд. Ин раъйҳо дар ташкили ҳукумат ва парлумони нав нақши муҳим ва ба раванди сиёсӣ таъсири ҷиддӣ хоҳанд дошт. Аз ин рӯ, ман аз мардуми Ироқ даъват мекунам, ки дар интихобот ширкат ва интихоби дуруст кунанд”.

Барои 352 курсии парлумони Ироқ тақрибан 6200 номзад аз 80 ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ вориди корзори интихоботӣ шуданд.

Тақрибан 19 миллион шаҳрвандони Ироқ ҳаққи ширкат дар раъйдиҳиро доранд. Ба хотири таъмини амният дар қитъаҳои интихоботии 18 вилоят ҳазорон низомиёну кормандони полиси Ироқ сафарбар шудаанд ва нерӯҳои амрикоӣ низ ба онҳо кумак мекунанд.

Интихоботи парлумонӣ, ки камтар аз шаш моҳ қабл аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ доир мегардад, имтиҳони ҷиддӣ ва як маъракаи сарнавиштсоз дар роҳи эътидол ва суботи миллӣ дар кишвар арзёбӣ мешавад. Дар интихобот барои нахустин бор баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн суннимазҳабҳо низ ширкат доштанд.

Комиссиюни мустақили интихоботии Ироқ то ҳол дар бораи шикояти номзадҳо аз тақаллубу қонуншиканиҳо иттилоъе пахш накардааст. Интизор меравад, ки натоиҷи пешакии интихоботи парлумонӣ рӯзи душанбе маълум шавад.
XS
SM
MD
LG