Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси номзадҳои ҲХДТ ва ҲНИТ дар Ҷиргатол


Номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Ҷиргатол бо эътироз аз пирӯзии намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ хостори баргузории интихоботи такрорӣ дар ин ноҳия шудааст.

Мирзовалӣ Рӯзиев, номзади ҲХДТ ба вакилии маҷлиси ноҳияи Ҷиргатол, мегӯяд, овозҳое, ки рақиби ӯ аз Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳаммаддовуд Ҳасанов ба даст овардааст, «тақаллубӣ аст».

Вай афзуд, натиҷаи расмии интихобот ҳамагӣ бо бартарии 13 овоз бар нафъи рақиби ӯ будааст ва ин дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, бисёре аз ҷонибдорони номзади ҲНИТ аз номи аҳли хонаводаи худ раъй додаанд.

Аммо Муҳаммаддовуд Ҳасанов, раиси бахши наҳиявии ҲНИТ ва номзад ин ҳизб дар интихобот, иддаоҳои ҷаноби Рӯзиевро «бепоя ва беасос» медонад. Вай мегӯяд, баръакс рақибаш аз ҳама имконоти мавҷуда истифода кардааст.

Вале бо ин ҳама, Муҳаммаддовуд Ҳасанов мегӯяд, дар сурати баргузор шудани интихоботи такрорӣ ба пирӯзии дубораи худ бовар дорад.

Дар ҳамин ҳол Аъзамҷон Аброров, раиси камисюни ноҳиявии интихобот дар Ҷиргатол ба радиои Озодӣ гуфт, Мирзовалӣ Рӯзиев ба камисюн аризаи шикоятӣ ирсол кардааст, вале шикоятҳои ӯ тасдиқ нашудаанд.

Ин барои аввалин бор аст, ки як намояндаи ҳизби ҳоким дар минтақа бо нишони эътироз аз пирӯзии номзади Ҳизби наҳзати исломӣ ба камисюни интихоботӣ шикоят мебарад.
XS
SM
MD
LG