Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон барои нахустин бор “Рӯзи модар”-ро таҷлил мекунанд. Дар гузашта 8-уми март ҳамчун Рӯзи байнулмилалии озодии занон ва яке аз идҳои меросии замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд.

Дар тақвимҳои тоҷикии соли 2010 рӯзи 8-уми март бо хати сурх нишон дода шуда, дар кишвар рӯзи таътил аст.

Ба ин муносибат раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ суханронӣ карда, ин рӯзро ба модарон табрик гуфт ва аз онҳо ба унвони “ҳидоятгарони роҳи ҳақиқат” ёдоварӣ кард.

То моҳи марти соли гузашта 8-уми мартро дар Тоҷикистон ба унвони “Рӯзи озодии занон” ё “Рӯзи байнулмилалии занон”, ки аз Шӯравӣ ба мерос монда буд, таҷлил мекарданд. Аммо 6-уми марти соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро ҳаштуми мартро рӯзи модарон эълон кард ва гуфт, ки ин иқдом “бо ҳадафи бузургдошти зан-модар ва офарандаи ҳаёт” гирифта шудааст.

Ин пешниҳоди раиси ҷумҳур дар моҳи апрели соли 2009 низ баҳсҳоеро миёни намояндагони мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон ба по кард. Вале бо бештари раъйи вакилон аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ қонун "Дар бораи ҷашнҳои миллӣ" ислоҳ шуд ва унвони "Рӯзи байналмиллалии занон" дар ин кишвар ба "Рӯзи модар" табдил ёфт.

Рӯзи байнулмилалии занон

Ҳамчунин, имрӯз дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии зан ҷашн гирифта мешавад. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун дар як паёми идона гуфт, дар 15 соли охир ҷаҳон шоҳиди намунаҳои боризи пешрафти занон гардид.

Вай афзуд, бо вуҷуди густариши ҳузури занон дар умури давлатӣ, таҳкими баробарии ҷинсӣ ва беҳдошти модару кӯдак, беадолатию табъиз ва бадтар аз ҳама хушунат бо зан боқӣ мондааст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, 70 дарсади тамоми занон дар ҷаҳон ба камияш як бор дар умри худ ҳадафи хушунат қарор гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG