Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз Рӯзи байнулмилалии зан дар кишварҳои гуногун


Имрӯз дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии зан ҷашн гирифта мешавад. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун дар як паёми идона гуфт, дар 15 соли охир ҷаҳон шоҳиди намунаҳои боризи пешрафти занон гардид. Вай афзуд, бо вуҷуди густариши ҳузури занон дар умури давлатӣ, таҳкими баробарии ҷинсӣ ва беҳдошти модару кӯдак, беадолатию табъиз ва бадтар аз ҳама хушунат бо зан боқӣ мондааст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, 70 дарсади тамоми занон дар ҷаҳон ба камияш як бор дар умри худ ҳадафи хушунат қарор гирифтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG