Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ироқиҳо интизори натиҷаҳои интихоботи порлумониянд


Ироқиҳо имрӯз натиҷаҳои интихоботи порлумониро интизоранд, ки рӯзи якшанбе бо вуҷуди таркишҳо ва мушакандозиҳо баргузор гашта, бар асари онҳо 36 нафар ба ҳалокат расид. Қарор аст, натиҷаҳои нахустин дар чанд рӯзи оянда эълон шаанд. Наздик ба 6 200 номзад барои 325 курсии порлумон сабқат карданд ва ин дувумин интихоботи порлумонӣ дар Ироқи баъд аз барканории Саддом Ҳусейн буд. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, аз ширкати ироқиҳо дар интихоботи порлумонии ин кишвар бо вуҷуди хушунатҳое барои пешгирӣ аз ин иштирок, ситоиш кард. Вай интихоботи Ироқро як воқеаи таърихӣ номид.
XS
SM
MD
LG