Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳомид Карзай ба Марҷа


Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бидуни эълон ба Марҷа, собиқ пойгоҳи Толибон дар вилояти Ҳилманд сафар кард. Вай ҳамроҳ бо фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон, генерал Стенлӣ Маккристал бо мӯйсафедон ва пешвоёни маҳал мулоқот кард ва ба онҳо ваъда дод, ки ҳукуматаш ба зудӣ дар минтақа амниятро таъмин карда, ба бунёди роҳу шифохона ва мактабҳо машғул хоҳад гашт. Вай ҳамчунин шикваи аҳолии маҳаллиро шунид. Ҳазорон сарбози нерӯҳои байнулмилалӣ моҳи гузашта дар Марҷа бузургтарин амалиёти ҳарбии ҳашт соли низоъро ба поён расонданд.
XS
SM
MD
LG