Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Шӯрои Аврупо ба манъи ҳиҷоб ва ниқоб


Кумиссионери ҳуқуқи инсон дар Шӯрои Аврупо мегӯяд, манъи бурқа ё ҳиҷоб ба озодии бештари занони мусулмон сабаб намешавад, балки бештар аз ин онҳоро дар ҳошияи ҷомеа қарор медиҳад. Томсас Ҳаммарберг афзуд, манъи бурқа ва ниқоб инчунин ҳамла ба ҳувият ва ҳарами шахс хоҳанд буд. Чанд кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Австрия, Дания ва Нидерланд нақша доранд, бурқа, ҳиҷоб, чодар ва ниқобро мамнӯъ эълон кунанд. Моҳи январ аъзои порлумони Фаронса ба чунин иқдом даъват карданд ва гуфтанд, сару рӯй пӯшондани занони мусулмон як мушкиле барои арзишҳои Фаронса мебошад.
XS
SM
MD
LG