Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ҳузури зан дар бозори ҷаҳонии шуғл


Созмони ҷаҳонии кор дар гузорише таҳти унвони "Занон дар бозори шуғл: дастовардҳо ва мушкилот" хабар дод, ки ҳарчанд шумораи ҳарчи бештари занон ба бозори кор ворид мешаванд, аммо ҳанӯз дар ин бозор баробарии ҷинсӣ ба даст наомадааст. Бино бар ин гузориш дар 30 соли охир ҳузури зан дар бозори шуғл қариб ба 52 дарсад расид ва ҳузури мард дар ин бозор аз 82 ба 78 дарсад коҳиш ёфт. Пажӯҳишгарон ин ҳолатро яке аз пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ номида, ҳушдор додаанд, ки пас аз бӯҳрон ҳолати пешина барқарор шуда, зарурат ба занон ҳамчун нерӯи арзонтари кор камтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG