Пайвандҳои дастрасӣ

Фаластин ба гуфтушунид бо Исроил розӣ шуд


Рабҳарияти Фаластин ба гуфтушунид бо Исроил таҳти сарпарастии Иёлоти Муттаҳида ризоият дод. Тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин гирифта шудааст. Дабири кулли ин созмон Обид Раббо гуфт, мӯҳлати ин гуфтушунидҳо ба чаҳор моҳ маҳдуд хоҳад шуд. Эълони фаластиниҳо дар ҳоле садо дод, ки фиристодаи вижаи Амрико, Ҷорҷ Митчелл дар Байтулмуқаддас бо сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард. Акнун ноиб-президенти Амрико, Ҷозеф Байден низ ба минтақа сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG