Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Обама аз интихоботи порлумонии Ироқ


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, аз ширкати ироқиҳо дар интихоботи порлумонии ин кишвар бо вуҷуди хушунатҳое барои пешгирӣ аз ин иштирок, ситоиш кард. Вай интихоботи Ироқро як воқеаи таърихӣ номид. Обама ҳамчунин гуфт, аммо рӯзҳои ояндаи Ироқ хеле мушкилтар хоҳанд буд ва хушунат бештар хоҳад шуд, аммо Ироқ ҳамчун ҳар кишвари дигари мустақил бояд бо роҳи худ пеш равад. Дар ин байн, вазири дифоъи Амрико, Роберт Гейтс гуфт, ширкати интихобкунандагон дар Ироқ зиёда аз интизор буд. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Кетрин Аштон низ аз ҷасорати мардуи Ироқ ситоиш кард. Бар асари ҳамлаҳо ба марказҳои раъйдиҳӣ дар Ироқ ба камияш 31 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG