Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардуми Чилӣ аз қурбониёни заминларза ёд мекунанд


Имрӯз дар Чилӣ нахустин рӯзи мотам ба хотири қурбониёни заминларзаи мудҳиши 27 феврал аст. Дирӯз ҳукумати Чилӣ тасмим гирифт, ки дар кишвар барои се рӯз мотами миллӣ эълон шавад. Тайи ин муддат театрҳо ва дигар муасиссаҳои фарҳангӣ баста буд, пахши консерту барномаҳои фароғатӣ аз тариқи садову симо манъ аст. Тибқи иттилоъи ахир, дар заминларза дасти кам 452 нафар ҷон бохтанд. Дар ин офати табиӣ ба тақрибан 2 миллион сокиниЧилӣ осеб расидааст, даҳҳо ҳазор биноҳо ва роҳу пулҳо тахриб шуданд. Дирӯз Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид аз шаҳри Консепсион, ки ба он аз ҳама бештар хисорот ворид шудааст, дидан кард ва ваъда дод, ки ба таври фаврӣ ба кишвар ба маблағи 10 миллион доллар кумаки байнулмилалӣ расонда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG