Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ хостори пуштибонӣ аз Юнон шуд


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, гуфт, кишварҳои минтақаи евро бояд аз Юнон, ки ба мушкили ҷиддии иқтисодӣ мувоҷеҳ шудааст, пуштибонӣ кунанд. Ин изҳороти Саркозӣ дар арафаи сафари сарвазири Юнон Георгий Папандреу ба Порис пахш шуд. Раиси кобинаи вазирони Юнон дар ҷараёни сафараш ба кишварҳои аврупоӣ раҳбарони давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро бо барномаи бурунрафти Юнон аз вазъи сангини молиявую иқтисодӣ ошно мекунад. Георгий Папандреу рӯзи ҷумъа дар Берлин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дидору гуфтугӣ кард. Хонум Меркеел аз барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Юнон пуштибонӣ кард ва аммо аз ироаи кумаки молӣ ба Афина сарпечӣ намуд. Касри буҷаи Юнон тақрибан 13 дар сади тавлиди нохолиси миллиро ташкил медиҳад, ки аз меъёри дар Иттиҳодияи Аврупо муқарраршуда беш аз чаҳор баробар бештар аст.
XS
SM
MD
LG