Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз ҳамлаи мушакӣ ҷон ба саломат бурд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ва ҳамсафарони ӯ дар шаҳри Марҷаи вилояти Ҳилманд мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтанд. Ба иттилоъи дафтари раисиҷумҳур, дар ин ҳамла ба касе аз мақомоти ҳукуматӣ осеб нарасидааст. Ҳамлаи мушакӣ ба Марҷаро имрӯз намояндаи НАТО дар Кобул ҳам тасдиқ кард.
Ҳомид Карзай ва гурӯҳи мақомоти давлатӣ имрӯз вориди Марҷа шуданд, ки он ҷо марҳилаи ниҳоии амалиёти густардаи нерӯҳои афғон ва НАТО алайҳи ҷунбиши “Толибон” идома дорад. Ҳадафи амалиёт – таҳти назорати ҳукумати марказӣ қарор додани Марҷа, яке аз истеҳкомҳои қаблии толибон, аст.
XS
SM
MD
LG