Пайвандҳои дастрасӣ

Дар аввалин лаҳзаҳои боз шудани дарҳои қитъаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии Ироқ дар пойтахти кишвар - Бағдод ва шаҳрҳои Фалуҷа, Бақуба ва Самарра чанд таркиш рух дод.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин таркишҳо дасти кам 24 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Масъулини вазорати умури дохилаи Ироқ гуфтанд, пурқурбонитарин таркишҳо дар канори қитъаҳои интихоботӣ дар Бағдод рӯх дода, 12 кушта бар ҷой гузоштанд. Дар ин ҳаводис 8 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Қосим ал-Мусавӣ, сухангӯи хадамоти амниятии Ироқ ба хабаргузориҳо гуфт, таркишҳо асосан дар маҳаллаҳои суннинишин ва дар атрофи пойтахт ба вуқӯъ пайвастанд. Ва аммо ба назар мерасад, ки бо вуҷуди ин ҳамлаҳо бештари мардуми Ироқ пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ хоҳанд рафт. Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, низ баъди раъйдиҳӣ дар Бағдод гуфт, ки ҳамлаҳо тавони шикастани рӯҳи мардумро надоранд.

Барои 352 курсии парлумони Ироқ тақрибан 6200 номзад аз 80 ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ вориди корзори интихоботӣ шудаанд. Тақрибан 19 миллион шаҳрвандони Ироқ ҳаққи ширкат дар раъйдиҳиро доранд. Ба хотири таъмини амният дар қитъаҳои интихоботии 18 вилоят ҳазорон низомиёну кормандони полиси Ироқ сафарбар шудаанд ва нерӯҳои амрикоӣ низ ба онҳо кумак мекунанд.

x


Интихоботи парлумонӣ, ки камтар аз шаш моҳ қабл аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ доир мегардад, имтиҳони ҷиддӣ ва як маъракаи сарнавиштсоз дар роҳи эътидол ва суботи миллӣ дар кишвар арзёбӣ мешавад. Дар интихобот барои нахустин бор баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн суннимазҳабҳо низ ширкат хоҳанд кард. Онҳо интихоботи қаблии парлумонӣ дар соли 2003-ро таҳрим карда буданд.

Қитъаҳои интихоботӣ соати 7-и субҳ боз шуданд ва соати 5-и баъд аз зӯҳр баста хоҳанд шуд. Ба иттилоъи хабарнигори бахши ироқии Радиои Озодӣ, субҳ теъдоди интихобкунандагон дар Бағдод зиёд набуд ва аммо давоми рӯз теъдоди онҳо афзоиш меёфт. Ба гуфтаи нозирон, айни ҳол интихобот бидуни мушкил ҷараён дорад ва дар мавриди тақаллуб ё қонуншиканиҳо иттилоъе нарасидааст.
XS
SM
MD
LG