Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии толибон ва мусаллаҳони Ҳикматёр дар Бағлон


Бар асари як задухурд миёни мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ва гурӯҳи дигари исломгаро дар вилояти Бағлон, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд. Дар ин даргирӣ ҷонибҳо аз пулемёту гранатомётҳо истифода карданд. Муовини раиси полиси Бағлон Залмай Мангал гуфт, ки ду гурӯҳ – толибон ва Ҳизби исломии таҳти фармони Гулбиддини Ҳикматёр ба хотири забти чанд деҳаи берун аз назорати ҳукумат вориди даргирӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG