Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод ба Афғонистон сафар мекунад


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи душанбе, бо як сафари кӯтоҳ вориди Афғонистон хоҳад шуд. Ба иттилоъи хабаргузории эронии “Меҳр”, Аҳмадинажод бо даъвати сарвари Афғонистон Ҳомид Карзай сурат мегирад. Қарор аст, ки дар музокироти Аҳмадинажод ва Карзай масоили марбут ба равобити дуҷониба ва “ҳалли мушкилоти Афғонистон” баррасӣ шавад.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, моҳи равон боз як мулоқоти сарони Эрону Афғонистон тарҳрезӣ шудааст. Интизор меравад, ки онҳо 21 март ҳамроҳ Наврӯзи Аҷамро дар Шероз таҷлил кунанд. Ба ин ҷашн раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ даъват шудааст.
XS
SM
MD
LG