Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш баъди боз шудани дарҳои қитъаҳои интихоботӣ


Бар асари таркиш дар шаҳри Бағдод 12 нафар кушта ва 8 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Инфиҷор дар нахустин лаҳзаҳои боз шудани дарҳои қитъаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии Ироқ ба вуқӯъ пайваст.
Қарор аст, ки имрӯз беш аз 19 миллион шаҳрвандони Ироқ пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ биёянд ва 352 вакили парлумонро интихоб кунанд. Барои курсиҳои парлумон тақрибан 6200 номзад аз 80 ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ талош доранд. Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, дар ин маъракаи сиёсӣ рақобат асосан миёни ду нерӯ - Эътилофи хукмрони нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ ва ҷонибдорони сарвазири пешини Ироқ Айёд Алавӣ сурат мегирад. Дар интихобот барои нахустин бор баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн суннимазҳабҳо низ ширкат хоҳанд кард. Онҳо интихоботи қаблии парлумонӣ дар соли 2003-ро таҳрим карда буданд.

XS
SM
MD
LG