Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ҳамлаҳои 11 сентябрро "тарҳрезишуда" хонд


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба Амрикоро як амали тарҳрезишуда ба хотири шурӯъи мубориза бо терроризм номид. Хабаргузории расмии ИРНА навиштааст, ки изҳороти Аҳмадинажод дар ин бора дар мулоқоташ бо кормандони вазорати иттилооти кишвар садо дод. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Эрон, “ҳаводиси 11 сентябр як бахши омодагии бузург барои шурӯъи маъракаи зидди террористӣ ва таҷовуз алайҳи Афғонистон буд”. Тахриби ду бинои бузурги Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Ню Йорк, ба гуфтаи раисиҷумҳури Эрон, сенарияи мураккабе буд, ки аз сӯи хадамоти кашфи ИМА таҳия шуда буд. Ва аммо ӯ аз ибрози ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG