Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонҳои рус Эронро тарк мекунанд


Эрон қарордод бо ҳама халабонҳои русеро, ки дар кишвар кор мекунанд, лағв намуд. Ба иттилоъи хабаргузории Форс, вазорати нақлиёти кишвар ба халабонҳои руси ҳавопаймоҳо ду моҳ вақт дод, то ки Эронро тарк намоянд. Гуфта мешавад, ки лағви қарордод бо халабонҳои рус - паёмади ҳодисаи дар шаҳри Машҳад оташ гирифтани як ҳавопаймои эронист. Ин ҳодиса замони ба фурудгоҳ нишастани ҳавопаймо рух дод ва бар асари он беш аз 40 нафар ҷароҳат бардоштанд. Комиссиюни вижа дар ин ҳодиса халабонҳои русро муттаҳам намуд. Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки тасмими ахири Теҳрон бо бад шудани равобити миёни Русияву Эрон марбут аст. Мақомоти Эрон, аз ҷумла, аз он хашмгинанд, ки Маскав иҷрои қарордоди фурӯши комплексҳои зидди ҳамлаи ҳавоии С-300 ба Теҳронро ба таъхир гузоштааст.
XS
SM
MD
LG