Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбони заминларза дар Чилӣ дақиқ шуд


Мақомоти Чилӣ иттилоъи нави расмӣ дар бораи теъдоди қурбониён бар асари заминларзаи мудҳиш дар кишварро нашр карданд. Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ин фоҷиа на беш аз 800 нафар, балки 452 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ва аммо гуфта мешавад, ба рӯйхати қаблан нашршуда одамонеро ҳам ворид карда буданд, ки беному нишон ғайб задаанд.
Рӯзи ҷумъа дар Чилӣ боз се заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар шаҳри Консепсиён, ки аз заминларзаи як ҳафтаи пеш аз ҳама бештар осеб дидааст, боз чанд бино фурӯ рехт. Рӯзи ҷумъа ҳамчунин раиси хадамоти океанографияи кишвар Мариано Рохас аз мақомаш барканор карда шуд. Мақомоти Чилӣ мегӯянд, ки ин хадамот дар бораи пайдо шудани тсунамӣ ба думболи заминларза сари вақт бонги изтироб назадааст.
XS
SM
MD
LG