Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Ки Мун хостори ширкати ироқиҳо дар интихобот шуд


Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони милали Муттаҳид, аз мардуми Ироқ даъват кард, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 7 март ширкат кунанд. Ӯ ин маъракаи сиёсиро "марҳалаи муҳим дар роҳи расидан ба мусолиҳаи миллӣ дар Ироқ" номид. Қарор аст беш аз 19 миллион шаҳрвандони Ироқ пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ биёянд ва 352 вакили парлумонро интихоб кунанд. Ба гуфтаи коршиносон, дар ин маъракаи сиёсӣ рақобат асосан миёни ду нерӯ - Эътилофи хукмрони нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ ва ҷонибдорони сарвазири пешини Ироқ Айёд Алавӣ сурат мегирад. Дар интихобот барои нахустин бор баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн суннимазҳабҳо низ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG