Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду модар


Ду модар. Ҳарду дар соли 1949-и асри пор дар зери осмони як сайёра садҳо ҳазор километр аз ҳам дур ба дунё омадаанд. Яке дар штати Конектикути Амрико ва дигаре дар як деҳаи кӯҳистонии Тоҷикистон.

Бо тафовути зиёд дар зиндагӣ ҳар ду ба тозагӣ ба сини 61-солагӣ қадам ниҳоданд. Модари тоҷикистонӣ модарест, ки маро ба дунё овардааст ва модари амрикоӣ модарест, ки тибқи як барнома наздикӣ як моҳ ӯро модар хонда дар хонааш ба сар бурдаам. Зиндагии беш аз нимасраи ҳардуро, ки то ҷое бо он ошно шудаам, бо ҳам қиёс мекунам. Чӣ тазоде?

Модари Тоҷикистонӣ замоне ба дунё омадааст, ки як ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бо иқтисоди хароб ва мардуми камбизоат талоши пешравӣ дорад. Кӯдакии ӯ пур аз ранҷу озорҳост. Дар 7-солагӣ, мисли ҳазорон кӯдакони Иттиҳоди Шӯравӣ барои ба по хезонидани иқтисоди кишвари худ бо номи СССР ба кори саҳро, яъне даррави гандуму наску нахуд ҷалб шудааст. Мактабро ҳамагӣ то синфи 7 мехонад. Сипас ду сол қабл аз ҳамон як деҳае, ки ҳамагӣ даҳ хонавода дорад, берун набаромада, бо падари ман ба шавҳар мебарояд ва гӯиё бо ҳамин “хӯшиҳои ҷавониаш” ба поён мерасад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамсоли ӯ Ҷулия Шермон дар як кишвари ғолиби ҷанги дуввуми ҷаҳон бо беҳтарин шароит дар колеҷи Ҳартфорд таҳсил мекард. Замоне, ки ҳамсоли ӯ дар Тоҷикистон соҳиби 2 фарзанд буд, вай дар соли саввуми Донишгоҳ дар риштаи кимиё ва биология таҳсил намуда, дар рӯзҳои истироҳат бо ҳамсари ояндааш дар хиёбонҳои шаҳри Бостон саёҳат мекард.

Ҷулия Шерман аз овони наврасиву ҷавонӣ аксҳои зиёде дорад, ки бо намоиш додани онҳо хушбахтиҳои хешро бозгӯ мекунад. Аммо ҳамсоли ӯ дар Тоҷикистон ҳеҷ аксе аз даврони ҷавонӣ ба ёдгор надорад, ба ҷуз ин ки хотироти талх, ки дар зеҳнаш сабт шудааст ва чун фасонае ба наберагон нақл мекунад.

Бо гузашти солҳо Ҷулия дар 27-солагӣ шавҳар мекунад, замоне, ки ҳамсоли ӯ аллакай соҳиби чаҳор фарзанд шуда буд. Ӯ ҳамагӣ ду фарзанд таваллуд мекунад: як духтар ва як писар. Аммо модари Тоҷикистонӣ фирефтаи сиёсати давр шуда, дар баробари машаққати зиёди зиндагии деҳот ва кор дар саҳро бо умеди “қаҳрамонмодар” шудан 12 фарзанд таваллуд мекунад. Дувоздаҳ фарзанде, ки бо ғаму андӯҳи онҳо дилаш садпора шудааст.

Дар соли 1970 ҳамсоли ӯ дар ҳоле савори сабукрави тозаихтироъи амрикоӣ савоҳили баҳрро тамошо мекард, ӯ бо тифли рӯи даст бо ҳайвони саворие модарашро хабаргирӣ мерафт.

Ҳоло модари тоҷикистонии ман бо азобе ба нафақа баромада, пули ночизе мегирад. Субҳи зиндагии ӯ бо кори хонадорӣ дар деҳот оғоз мегардад ва ҳамин гуна анҷом мепазирад.Чӣ ташвишҳое надорад ин модар... Аз ҳоли баъзе аз фарзандон, ки ҳамагӣ чанд деҳа дуртар ба сар мебаранд то дергоҳ хабар намеёбад ва ғаму андӯҳи фарзандон қомати ӯро хам кардааст. Ӯ намози хешро дар хона мегузорад ва соатҳо дар рӯи ҷойнамоз барои фарзандон дуо мекунад.

Модари амрикоӣ ҳанӯз ба нафақа набаромадааст ва дар мактаби миёна шогирдонро аз биология дарс меомӯзонад. Шавҳари ӯ панҷ сол қабл аз дунё даргузаштааст ва ду фарзандашро се сол боз надидааст: якеаш дар Чехия ва дигаре дар як кишвари Африқоӣ ба сар мебарад. Вале ӯ фурсати хаста шудан надорад. Бо фарзандонаш сари ҳар вақт бо интернет сӯҳбат мекунад ва то нимашаб бо дугонаҳои зиёдаш шабнишинӣ мекунад. Рӯзҳои якшанбе калисо меравад ва барои сулҳу осоиштагӣ дар дунё дуо мекунад.

Аммо ҳар ду модаранд ва қалби ҳасосу нозукашон саршори меҳри модарист. Бо фарқ бар тафаккуру ҷаҳони андеша ва зиндагии гуногунранг.

Ҷулия Шермон бо шунидани хабари ҳалокати як сарбози амрикоӣ дар Ироқ ё Афғонистон ашк мерезад ва соатҳо ғам мехӯрад. Ӯ ҳамеша зидди ҷанг аст, дар чорабиниҳои осоиштаи зидди ҷангӣ ширкат мекунад ва хостори оромиву осудагӣ дар ҷаҳон аст. Мисли модари Тоҷикистонӣ, ки ба шунидани хабарҳои овардани ҷасадҳои беҷони муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳафтаҳо мегиряд ва аз фарзандон ҳамеша як хоҳиш дорад: Ба Русия наравед, то замоне, ки “сарлучҳои беимон” нест нашаванд.

Зиҳӣ модарон! Солрӯзи ҷашни модарон бароятон фирӯз бод!
XS
SM
MD
LG