Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

КБСС толибонро маҳкум кард


Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) ҷунбиши “Толибон”-ро барои истифодаи густардаи минаҳои зиддинафар ва ғофилгир дар манотиқи ҷанубии Афғонистон маҳкум кард. Дар изҳороти ахири ин Созмон гуфта шудааст, ки ин гуна минаҳои барои мардум хатарбор, ба вижа, дар шаҳри Марҷаи вилояти Ҳилманд фаровон гузошта шудаанд. Дар ин шаҳр марҳалаи ниҳоии амалиёти густардаи нерӯҳои Афғонистон ва НАТО идома дорад. Ба иттилоъи масъулини КБСС, шумораи минаҳои зиддинафар дар ин минтақа он қадар зиёд аст, ки мардум ҳатто барои аз манзил берун шудан истиҳола мекунанд. Дар Марҷа табобати афроди бар асари таркиш минаҳо осебдида ҳам басо душвор аст.
XS
SM
MD
LG