Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳристи довталабони "Конимансур" тасдиқ шуд


Ҳукумати Тоҷикистон эълом дошт, ба феҳристи ширкатҳое, ки барои дарёфти ҳаққи коркарди “Конимансур” талош хоҳанд кард, ширкатҳои бузург аз Ҳуланд, Чин, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомиланд. Ин феҳрист ахиран аз сӯи кобинаи вазирони Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Интизор меравад, музоядаи ин кони бузурги нуқра моҳҳои наздик сурат бигирад. “Конимансур” дар шимоли шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, захираи умумии нуқраи он 50 ҳазор тонна ва ҷамъи маъданҳояш тақрибан 1 миллиард тонна ҳисоб шудааст. Ба гуфтаи мутахассисон, дар ин кон захираи бузурги симобу сурб низ маҳфуз аст.
XS
SM
MD
LG