Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати чаҳор зойири эронӣ дар Наҷаф


Бар асари таркиш дар шаҳри Наҷафи Ироқ дасти кам 4 нафар кушта ва беш аз панҷоҳ нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи полиси маҳаллӣ, таркиш дар яке аз мавзеъҳои муқаддаси ин шаҳр рӯх дод ва қурбониён – зойирон аз Эрони ҳамсоя будаанд.
Бо вуҷуди кор гирифтан аз чораҳои оҷили амниятӣ дар арафаи интихоботи парлумонӣ, ҳамлаҳои террористӣ дар Ироқ рӯзҳои ахир афзоиш меёбад. Тайи ин ҳафта бар асари таркишҳо дар шаҳрҳои Бағдод ва Бақуба дасти кам 45 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG