Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек ба тавофуқ расиданд, ки дар таъини хатти марз миёни ду кишвар ба саҳлангорӣ роҳ нахоҳанд дод.

Дар ин гуфтушунид, ки тайи як ҳафта идома дошт, ҳайати Тоҷикистонро Маҳмудҷон Носиров, муовини вазири хориҷаи ин кишвар, сарварӣ кард. Дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои марбут ба тайин ва аломатгузории марзи миёни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Бар асоси иттилое, ки бахши тоҷикии радиои Озодӣ ба даст овард, музокироти ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт ва ҳамаи масъалаҳои таҳти назар бо дарназардошти манофеи ҳар ду ҷониб муҳокима шуд.

Тӯли марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳудудан ҳазор километрро ташкил мекунад. То кунун фақат беш аз 50 дарсади хатти марзи миёни ду кишвар тайин ва аломатгузорӣ шудааст.

Чунин минтақаҳои, ба истилоҳ, баҳснок ба вижа дар қисмати кӯҳистонии ноҳияҳои ҳаммарзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон хеле зиёданд ва ин минтақаҳо таҳқиқи дақиқи коршиносони соҳаро тақозо мекунанд.

Интизор меравад, ки гуфтушуниди навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба тайин ва аломатгузории марз дар шаҳри Душанбе сурат бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG