Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯйхати сармоягузорони "Конимансур" тасдиқ шуд


Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати ширкатҳои сармоягузор барои иштирок дар тендери «Конимансур»-ро тасдиқ кардааст, ки аз ширкатҳои бузурги ҳоландӣ, чиноӣ, қазоқӣ ва тоҷикӣ иборат аст.

Шӯҳрат Раҳматбоев, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба ин рӯйхат ширкати ҳоландии BHP Billiton, ширкатҳои чиноии «JNNC» ва «Zijin», Иттиҳодияи чор ширкат - «Казцинк» ва «Конимансур»-и Қазоқистон, «Glencore»-и Швейтсария ва «Адрасман»-и Тоҷикистон шомил шудаанд.

Вай афзуд, бо тасдиқи ин рӯйхат марҳилаи асосии тендер барои ба даст овардани ҳаққи коркарди кони бузурги нуқраи Тоҷикистон оғоз мешавад. Интизор меравад, музоядаи «Конимансур» барои ин ширкатҳо тайи моҳҳои наздик сурат бигирад.

Ба гуфтаи ҷаноби Баҳромбоев, 5 ширкати дигари сармоягузор, аз ҷумла «Демир экспорт» ва «Юлдузлар»-и Туркия, «Кайдӣ»-и Чин ва ду корхонаи маҳаллӣ, ба даври дуввуми озмун роҳ наёфтаанд.

Ширкати «Объединенная золотая компания»-и Русия ҳануз дар оғози марҳилаи аввали тендер бо сабаби саривақтӣ пешниҳод накардани асноди зарурӣ аз озмун хориҷ карда шудааст.

«Конимансур» дар шимоли Хуҷанд воқеъ буда, аз бузургтарин конҳои нуқраи ҷаҳон маҳсуб мешавад. Захираи умумии нуқраи ин кон 50 000 тонна ва ҷамъи маъодинаш 1 миллиард тонна баровард шуда, дар баробари нуқра кони мазкур аз захираи симобу сурб низ бой будааст.

Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, ҳазинаи коркарди он тақрибан 2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Бархе аз коршиносон бо назардошти ҳазинаи ҳангуфти кон тахмин мезананд, ки дар музоядаи «Конимансур» ширкатҳои бузурги чиноӣ имкони бештари пирӯзӣ хоҳанд дошт.

То эъломи рӯйхати сармоягузорон бархе аз таҳлилгарон ширкатҳои Русияро низ аз муддаиёни аслии тендери «Конимансур» меномиданд.
XS
SM
MD
LG