Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз ҳукми қатли як донишҷӯи эронӣ


Додгоҳи Теҳрон Муҳаммад Аминвалиёнро бо айби партоби санг ба сӯи кормандони амниятӣ маҳкум ба қатл кардааст
Додгоҳи Теҳрон Муҳаммад Аминвалиёнро бо айби партоби санг ба сӯи кормандони амниятӣ маҳкум ба қатл кардааст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико дар робита ба ҳукми қатли як донишҷӯи эронӣ бо айби ширкат дар тазоҳуроти мухолифин изҳори нигаронии шадид карда, хостори раҳоии ӯ шудааст.

Филип Кроулӣ, вазорати хориҷаи ИМА, ҳукми додситонии Теҳрон дар қиболи намояндаи мухолифинро риққатовар номида, гуфт, «агар давлати Эрон хоҳони эҳтиром аз сӯи ҷомеаи байналмилалист, бояд ба озодиҳои аввалияи мардуми худ эҳтиром бигузорад».

Вай ҳамчунин аз давлати Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳони озодии тамоми зиндониёни сиёсӣ шуд.

Маҳмуд Аминвалиён, донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Домғони Эрон, дар ситоди таблиғотии Мирҳусайни Мусавӣ – раҳбари мухолифини ин кишвар фаъолият карда, ахиран ҳангоми гирдиҳамоии мухолифин дар рӯзи Ошуро дар Теҳрон аз сӯи пулис боздошт шудааст.

Додситонии шаҳри Теҳрон ин донишҷӯро бо айби партоби санг ба сӯи кормандони ниҳодҳои амниятӣ маҳкум ба қатл кардааст.

Ба гуфти мақомоти Эрон бар асари ошӯбҳои рӯзи Ошуро ҳашт нафар кушта шудаанд.

Ҳамзамон дар робита ба ҳукми додситонии Теҳрон як ҷунбиши донишҷӯёни Эрон таҳти унвони «Таҳкими ваҳдат» бо пахши як изҳорот ба мақомоти ин кишвар ҳушдор додааст, ки дар сурати амалӣ шудани ҳукми қатли донишҷӯ онҳо «товони сангинеро» хоҳанд пардохт.
XS
SM
MD
LG