Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири манфии интихобот ба кӯмакҳои байналмилалӣ


Анна Матвеева, пажӯҳишгари Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Ландан, ки аз Тоҷикистон дидан кардааст, мегӯд, интихоботи ахир ба кӯмакҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

- Имкон дорад бо зардошти интихоботи ғайридемократӣ дар Тоҷикистон кишварҳои ғарбӣ сиёсати то кунун нарми худро нисбат ба ин кишвар бознигарӣ кунанд ва тағйир диҳанд?


Бидуни шак таъсир хоҳад дошт, зеро донорҳои ғарбӣ, бахусус кишварҳое, ки ба Тоҷикистон кӯмакҳои зиёд мекунанд, вазъи сиёсӣ дар ин кишварро бодиққат мушоҳида доранд. Ва интихобот барои онҳо шохиси хубе маҳсуб мешуд, ки нишон медод: Тоҷикистон аз роҳи мусбат ва ба самти рушд ҳаракат мекунад ва ё баръакс роҳи дигареро пеш гирифта, мисли Ӯзбакистон ва ё Туркманистон мешавад. Ҳоло дар миёни кишварҳои ғарбӣ ин эҳсос аст, ки Тоҷикистон ба кишвари нокоме тадбил меёбад, агарчӣ на ҳама ба ин гуфта мувофиқанд, аз ҷумла ман ҳам. Вале ин андеша дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври васеъ доман задааст. Ва интихоботи порлумонӣ бояд нишон медод, ки Тоҷикистон бо пеша кардани истибдод, ба самти суқут ҳаракат мекунад ва ё ҳадди ақалл дар он ниҳолҳои заъифи демократие месабзанд. Масалан, мардум аз ҳуқуқе бархурдоранд ва аз ҳукумат чизе талаб карда метавонанд. Аз ин рӯ, интихоботи ахир шохиси хубе барои кишварҳои ғарбӣ мебуд, ки оё метавонанд ба таври ҷиддӣ ба рӯи Тоҷикистон ҳисоб карда, ба он кӯмак расонда ва давлатро тақвият бубахшанд ва ё онҷо ҳама чиз ҳал шудааст ва чизи хуберо наметавон интизор дошт.

- Пас метавонем бигӯем, ки интихоботи олуда бо тақаллуб дар Тоҷикистон аз ҳоло кишварҳои ғарбиро нигарон кардааст?

- Албатта. Чунки таваҷҷӯҳ ба интихоботи Тоҷикистон хеле зиёд буд. Чаро ки Тоҷикистон кишвари нодире аст, ки дар он ҳизби исломӣ вуҷуд дорад ва тарафдори арзишҳои мӯътадил мебошад. Бисёриҳо ба ин ҳизб таваҷҷӯҳ доранд ва аз он назар, ки чӣ гуна ислом метавонад бо кишвари дунявие ҳамзистӣ дошта бошад. Дар сурати гирифтани курсиҳои кофӣ барои таъсиси ҷиноҳ, ин як намунаи муҳим на танҳо барои сиёсати дохилии Тоҷикистон, балки намунаи муҳиме ҷиҳати намоиш барои кишварҳои тамоми минтақа мешуд. Яъне ба кишварҳои минтақа мегуфтанд, ки бубинед, ҳизбе ҳаст, ки тарафдори арзишҳои исломӣ мебошад, аммо ҳамзамон чун як бозигари масъули ҷараёнҳои сиёсӣ дар ин майдон бозӣ мекунад.

- Интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик метавонист, боиси боло рафтани обрӯи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ шавад, натиҷаи баръакс дод. Шумо ба ин гуфта мувофиқ ҳастед?

- Ман доир ба латма дидани обрӯи Тоҷикистон сӯҳбат намекардам, зеро обрӯи Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилал ба қадри кофӣ бад аст. Бинобар ин, наметавон гуфт, ки аз Тоҷикистон интихоботи шаффофу одилона интизор доштанд ва ингуна нашуд. То ҳол обрӯи Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ чандон хушҳолкунанда ҳам набуд, масалан агар ба гузоришҳои Хонаи Озодӣ ва Дидбони Ҳуқуқи Башар бингаред. Сухан доир ба бадтар шудани обрӯи Тоҷикистон нест, балки доир ба он аст, ки интихобот метавонист, обрӯи Тоҷикистонро болотар барад ва дигар ба он мисли кишвари ваҳшатнок нигоҳ накунанд. Аммо ба андешаи ман, интихоботи порлумонӣ назар ба интихоботҳои гузашта беҳтар буд, ки аҳзоби бештар дар он ширкат дошт, корзори тарғиботии васеътар ва шиорҳои бештар ба назар мерасид.

- Аз назари иқтисодӣ интихоботи порлумонӣ чӣ манфиате барои Тоҷикистон дошта метавонист, чун ин андеша ҳам ҳаст, ки интихоботҳои ношаффоф, ки заминае барои эътироз шуда метавонад, сармоягузорони эҳтимолиро аз Тоҷикистон дилсард мекунад?

- Сармоягузоронро интихобот наметарсонанд, сармоягузоронро ду чиз метарсонад, яке таҳдиди ноамнӣ, чун Тоҷикистон дар марзи Афғонистон воқеъ шудааст ва Толибон дар он тарафи марз дар шаҳри Қундуз ҳастанд. Дуввум чиз, зӯрдастии ҳукумат аст, ки сармоягузоронро метарсонад. Онҳо чунин меандешанд, ки ҳукумат метавонад манобеъу, имконот ва сармоягузориҳои онҳоро аз худ кунад. Онҳо асосан аз зӯрдастии ҳукумат метарсанд, на аз интихобот. Ман мегуфтам, ки интихобот ба кӯмакҳои байналмилалӣ таъсири манфӣ мегузорад, на ба тиҷорат.
XS
SM
MD
LG