Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 3 сарбози озарбойҷонӣ дар марзи Арманистон


Вазорати дифои Арманистон хабар дод, ки нерӯҳои он дар як даргирӣ бо гурӯҳе, ки марзи давлатиро убур кардааст, се низомии Озарбойҷонро куштаанд. Воқеа дар ҳоле рӯй медиҳад, ки мақомот Озарбойҷон охири ҳафтаи гузашта аз кушта шудани як сарбози арман дар марз бо Қарабоғи Кӯҳӣ иттилоъ додаанд. Вазорати дифои Озарбойҷон хабари мақомоти арманиро рад кард ва мегӯяд, дар имтидоди марзҳои байни ду кишвар даргирие ба вуқӯъ напайвастааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG