Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба арзёбии "куштори дастаҷамъии арманиҳо".


Бо ишора ба овоздиҳии рӯзи панҷшанбе дар Кумитаи равобити байналмилалии Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия мегӯяд, ки "ҷиддан нигарон аст".

Озарбойҷон бошад, "таҳрифи таърих"-ро маҳкум мекунад, вале Арманистон иброз доштааст, ки "эътирофи куштори дастаҷамъии арманиҳо дар Туркияи усмонӣ дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ" имкон медиҳад, ки дар оянда аз кушторҳои дастаҷамъӣ ё худ генотсид ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Туркия аз қатъномаи конгресси ИМА, ки рӯзи панҷшанбе куштори дастҷамъии арманиҳо дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳониро "генотсид" номидааст, дар ғазаб мебошад.
Баъди тасвиби қатънома дар Кумитаи равобити байналмилалии Конгресси ИМА Туркия сафирашро аз Вашингттон бозхонд.

Дар як изҳороти хаттӣ сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон изҳор намуд, ки кишварашро "дар ҷинояте муҷрим медонанд, ки содир накардааст."

Ба қавли Эрдуғон ин қатънома, ки эътирофи маҷбурӣ нест, ба равобити Туркияву ИМА латма зада, имкон намедиҳад душмании якасраии Туркияи мусулмону Арманистони насронӣ аз байн бардошта шавад.

Вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу мегӯяд, кишвараш барномаи беҳбуди равобит бо Арманистонро, ки моҳи октябри соли 2009-ум оғоз ёфтааст, идома медиҳад, вале акнун тасвиби он дар парламенти Туркия душвортар хоҳад шуд: "Бознигарӣ ба иродаи сиёсӣ вобастааст. Расидан ба он осон нест. Вале мо ҳамкориро давом медиҳем, зеро ин ҳадаф ғари қобили дастрасӣ намебошад".

Ба гуфти мансабдори туркӣ тасвиби қатънома дар конгресси ИМА Анкараро "ҷиддан нигарон" карда, имкон дорад ба рушди равобити миёни ду кишвар хала эҷод кунад.

Мурод Мирҷон узви ҳайати парламентии Туркия аст, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз тасвиби ин санад ба Вашингтон сафар карда буд. Мирҷон мегӯяд: "Туркия кишвари бузург ва муҳим аст. Мо ҳарзагӯӣ намекунем. Ҳар чизе ки мо дар гузашта гуфта будем, иҷро шуд. Шумо хоҳед дид, ки тамоми ҳукумат, сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ бо аксуламалҳову паёмади эҳтимолӣ ба он сару кор хоҳанд дошт".

Дар арафаи овоздиҳӣ Қасри Сафед аз қонунгузорони амрикоӣ даъват кард, ки аз арзёбиву баҳодиҳии куштори дастаҷамъӣ худдорӣ кунанд, зеро аҳамияти Туркия- ин узви паймони НАТО дар раванди сулҳи Ховари Миёна хеле ҳам назаррас мебошад.

Аммо дар Ереван вазири корҳои хориҷии Арманистон Эдуард Налбандян изҳор намуд, раъйдиҳӣ "шаҳодати дигари сарсупурдагии мардуми Амрико ба арзишҳои умумибашарӣ буда, қадами муҳим дар ҷилавгирӣ аз кушторҳои дастаҷамъӣ хоҳад буд".

Дар Озарбойҷон, ки аз муттафиқони муҳими Туркия аст, иқдоми қонунгузорони амкриоӣ баҳои манфӣ гирифт. Дабрри иҷроияи ҳизби ҳокими Йенӣ Озарбойҷон Алӣ Аҳмадов бо ибрози таассуф ба истилоҳ " таҳрифи таърих"-ро маҳкум кард.
Акнун катънома дар ҷаласаи умумии Конгресси ИМа арзёбӣ хоҳад шуд ва маълум нест, ки он пуштибонӣ хоҳад ёфт ё не?
Соли 2007-ум ҳам баъди тасвиби қатънома дар Кумитаи Конгресс Туркия сафирашро бозхонда буд ва президенти он вақта Ҷорҷ Буш бар муқобили арзёбии он дар ҷаласаи умумии Конгресс садо баланд кард. Қонунгузорон ба дархости Буш тан доданд ва баъди як ҳафта сафири Туркия ба Вашингтон баргашта буд.

Ҳозир ҳам ҳукумати Туркия аз маъмурияти Қасри Сафед тақозо дорад, ки ба идомаи баҳси ин санад монеа гузорад.
Арманистон аз Туркия талаб дорад, ки куштори якуним миллион арманитабор дар соли 1915-дар арафаи фурӯпошии империяи усмониро, эътироф кунад. Вале Туркия ин рақамро ғайри воқеӣ номида, меафзояд, ки он замон мардуми зиёди турктабор ҳам кушта шуд.
XS
SM
MD
LG