Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасбеҳи Кабирӣ


Муҳиддин Кабирӣ, лидери Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз нокомӣ дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи гузашта, дар даст тасбеҳ дар назди матбуот зоҳир шуд.

Вақте ӯ сӯҳбат мекард сангҳои тасбеҳ зери ангуштонаш бо тундӣ мечархиданд, ки ин ба сурати умум авзои ӯ ва авзои ҳизбашро бозгӯ мекард. Як ҳафтаи пеш ё аниқтараш дар ҷараёни корзори интихоботӣ оғои Кабирӣ хеле ором ба назар мерасиду тасбеҳ ҳам надошт.

Аз ӯ мепурсам, оғои Кабирӣ пештар аз интихобот тасбеҳ доштед? На, надоштам ва бо лабханди ба худаш хос мегӯяд, ки акнун салла ҳам мебандаду риш ҳам мемонад.

Ба назар мерасад, ҳоло Ҳизби наҳзати исломӣ ва шахсан Кабирӣ эҳсоси як паҳлавонеро дорад, ки дар майдони куштӣ мағлуб шудааст ва дар пеши чашми тамошо бинон бо ваҷоҳати шикастхӯрда аз майдон берун мешавад.

Пас аз баргузории интихоботи якшанбе барои нахустин бор Муҳиддин Кабирӣ 4 - март ба студияи радиои Озодӣ омад.

Вай мавқеи минбаъдаи ҳизби худ дар муносибат бо ҳукумати Тоҷикистонро чунин шарҳ дод.

«Ин қонуншикание, ки дар интихобот рӯх дод мунсибати моро тағйир дод. Тавре мушоҳида мекунед, лаҳни мо нисбат ба пешин тундтар аст. Он самимияту эътимоде, ки мо доштем, аз тарафи ҳукумат мавриди сӯйистифода қарор гирифт".

Муҳиддин Кабирӣ инро пинҳон намедорад, ки то ин интихобот Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳизби ӯ - ҲХДТ муносибати хайрхохоҳонаи дуҷониба доштааст, яъне аз камбудиҳои ин ҳукумат чашм мепушид ва дар сиёсати куллии кишвар дар канори ҳукумат қарор дошт, аммо акнун оғои Кабирӣ ба ин фикр аст, ки «агар дар оянда ҳам ҳукумат як ғурури ноҷоро идома диҳад ва фикр кунад, ки Ҳизби наҳзати исломӣ як гурӯҳи кӯчак аст ва чандон ҷонибдор надорад ва назари онҳо ба инобат гирифта нашавад ва нописандона рафтор шавад, ҳатман муносибати мо ҳам сазовор ба ҳамон бархурд хоҳад буд».

Ҳоло шиддати қаҳру хашми Кабирӣ дар нисбат ба рузҳои авали эълони натиҷаи интихобот хеле фурӯкаш кардааст.

Кабирӣ амали ҳукуматро, ки ба қавли ӯ як ғурури ноҷо ва бо иштибоҳ буд, “золимона” шарҳ медиҳад. Ва аъзои Ҳизби наҳзатро “мазлуми боҷасорат” ном мебарад ва бо вуҷуди шикасти ҳизб, ки таи чанд рӯз ҳар нафаре, ки давраи корзори интихоботӣ дар хотирааш мондааст, имрӯз ҲНИТ-ро ҳизби пирӯз ном мебарад.

Вале раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов иброз медорад, ки ҲНИТ дар даврони нооромиҳои шаҳрвандии Тоҷикистон ва хусусан дар марҳилаи сулҳу оштӣ имиҷи як ҳизби сулҳхоҳро гирифта буд, ки ин обрӯро лидери пешини ин ҳизб, Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо талошу аз худгузаштаниҳо ҳосил кард.

Ба назари ӯ ҳоло Муҳиддин Кабирӣ ҳам аз ин хат нахоҳад берун шуд. Тасбеҳе, ки Кабирӣ ба даст гирфтааст, намедонам рамзе дорад ё не, вале сангҳояш шаффоф буда, пупак дорад.

Дар рӯзҳое, ки ҲНИТ норозӣ аз натиҷаи интихобот садо дар медод, овозаҳое ҳам шунида шуд, ки аз вуруди ду номзади худ ба маҷлиси Намояндагон худорӣ хоҳад кард. Вале ҳоло оғои Кабирӣ мегӯяд, ки ҳамроҳ бо нафари дуввум Саидмар Ҳусайнӣ аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби наҳзати исломӣ ба порлумон хоҳанд рафт ё не, инро аъзои ҳизб ва интихобкунандагонаш таъин хоҳанд кард.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки агар ба порлумон ҳам бираванд, дигар дар ҳали масоили муҳим тугмаи «не»-ро бар тагмуи «ҳа» бартарӣ хоҳад дод.

Муҳиддин Кабирӣ ҳамонтавре, ки тасавувур мешавад бо либоси замонавӣ, яъне бо шиму кастюми шик ва бо галстук, танҳо дар даст тасбеҳ аз стдуияи радиои Озодӣ ба қасди кадом мулоқоти дигар берун шуд.
XS
SM
MD
LG