Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо нафар дар Майхура дар асорати барф мондаанд


Садҳо нафар аз мусофирони роҳи Душанбе -- Хуҷанд дар 65-километрии пойтахти Тоҷикистон, дар наздикии деҳаи Майхура дар асорати барфу баҳман мондаанд. Масъули бахши амалиёти фаврии Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, Ҳангома Музаффарова гуфт, тармаи бузурге роҳро бастааст ва ҳоло талош мешавад, ки ба зудӣ роҳ боз ва мусофирон наҷот дода шаванд. Аммо худи дармондагон дар тамосҳои телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеҷ аломати талошҳои наҷоти худро намебинанд.
XS
SM
MD
LG