Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои хиёбонӣ дар Юнон


Дар ҳоле ки сарвазири Юнон барои дарёфти кӯмак ва пуштибонӣ ба Олмон сафар кардааст, дар кишвараш полис бо тазоҳургарон, ки аз тарҳи сарфаҷӯии давлати Юнон эътироз мекунанд, вориди даргирӣ шуд. Чандин ҳазор мӯътариз дар майдони назди порлумони Юнон ҷамъ омада, талаб доранд, ки қонунгузорон ба тарҳи давлат раъйи мусбат надиҳанд. Зери бори воме, ки ба 400 миллиард доллар баробар аст, Юнон ба шадидтарин бӯҳрони молӣ дар таърихи худ рӯбарӯ гаштааст ва бе мадади кишварҳои Иттиҳоди Аврупо комилан варшикаста хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG