Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Украина дар пайи тармими равобит шудаанд


Президентҳои Украина ва Русия эҳё ва беҳбуди равобити байни ду кишварро тазмин доданд, ки дар давраи раҳбарияти ғарбгарои Украин ба сардӣ гароида буд. Раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович пас аз дидору гуфтушунид бо ҳамтои руси худ, Дмитрий Медведев гуфт, раҳбарияти нави кишвараш муносибатҳо бо Русияро ба гунае тағйир хоҳад дод, ки ҳаргиз шабеҳ ба гузашта набошанд. Ин нахустин бор аст, ки Янукович ба ҳайси президенти Украинаба Русия сафар кардааст. Сардӣ дар равобити байни ду кишвар на танҳо сиёсӣ буд, балки ба шароити интиқоли гази Русия ва нархи он барои Украина низ пайванд дошт.
XS
SM
MD
LG