Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи телефонии Э. Раҳмон ва Д. Медведев


Президентҳои Тоҷикистон ва Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар як сӯҳбати телефонӣ ҷараёни иҷрои бархе аз созишҳои гузаштаи байни ду кишварро баррасӣ карданд. Аммо мавзӯи асосии гуфтугӯи онҳоро омодагӣ ба нишасти навбатии сарони Иттиҳоди давлатҳои муштараклманофеъ ва ояндаи ин ниҳод, ки феълан Русия ба он сарварӣ мекунад, ташкил дод. Созмони мазкур дар бӯҳрони амиқ қарор дошта, роҳҳои эҳёи фаъолияти он дар мулоқоти ноиби аввали сарвазир Русия Игор Шувалов аввали ин ҳафта бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе машварат шуданд.
XS
SM
MD
LG