Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Абдусаломов дар Лаҳистон


Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин, дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки 5-уми март дар Лаҳистон шурӯъ шуд, ширкат дорад.

Вай дар рақобатҳо дар вазни то 84 кг қувваозмоӣ мекунад. Ин мусобиқа барои паҳлавони Тоҷикистон як давраи омодагиҳо ба мусобиқоти интихобии олимпӣ маҳсуб мешавад.

Юсуф Абдусаломов, ки дар Доғистони Русия ба сар мебарад, ду бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ кардаст. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, мақсади аслии ман ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мебошад.
XS
SM
MD
LG