Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозхонди сафири Туркия аз Иёлоти Муттаҳида


Узви НАТО, Туркия, сафири худ дар Иёлоти Муттаҳидаро барои мушовира ба ватан бозхонд. Ин иқдом дар посух ба раъйдиҳӣ дар кумитаи Конгресси Амрико гирифта шуд, ки тибқи он куштори дастҷамъонаи арманиҳо аз тарафи туркҳои усмонӣ наслкушӣ унвон шуд. Сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт, ки аз зарбаи қатъномаи тавсиявӣ ба равобити байни Туркия ва Иёлоти Муттаҳида ҷиддан нигарон аст. Ин ҳам дар ҳоле ки Туркияи мусулмон ва Арманистони насронӣ талош доранд, хусуматҳои қадимиро аз байн бардоранд. Арманистон раъйдиҳӣ дар кумитаи умури хориҷии Конгрессро ҳимоят аз ҳуқуқи инсон номид.
XS
SM
MD
LG