Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар оғӯши сахти президент мемонад


Орзуҳои пуч аз интихоботи демократӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони нав интихоб намуд. Кӯшиши ҳукумат, ки мебоист ин интихоботро ҳамчун нишонаи демократияи мутараққӣ нишон медод, барбод рафт.

Маркус Акерет, Neue Zurcker Zeitung. Тарҷимаи М. Қудрат.

Даврони камтар аз бистсолаи истиқлоли Тоҷикистон интихоботеро надидааст, ки ба қолабҳои демократӣ ҷавобгӯ бошад. Президент Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, тавонист, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ худро ҳамчун посдори ягонаи сулҳ ва оромӣ муаррифӣ кунад ва дар ҳар як интихобот – бо кам ё беш тақаллуб – ғолиб ояд. Пеш аз интихобот ӯ кӯшиш намуд, то умедеро аз гуногунандешӣ паҳн намояд ва ба рағбати аврупоиҳо ва амрикоҳо, ки ба ин кишвари қашшоқ ва аз нигоҳи геостратегӣ муҳим, кам нест, оҳанги мусбие бахшад. Хулосаи нозирон бояд ба ин иқдом дахолате намекард.

Қадаме на ба чап ва на ба рост

Дар интихобот ҳашт ҳизби сиёсӣ иштирок доштанд, ки барои 63 курсии парлумон талош мекарданд. То ҳол ҲХДТ-и президент дорои 57 курсии парлумон буд ва натиҷаҳои интихобот ин ҳолатро тағйир надод. Ба парлумони нав танҳо ҳизби коммунист, ки вафодори ҳукумат аст ва ҲНИТ, ки ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи марказист, бо намояндагии хеле кӯчак роҳ ёфтаанд. Иштирок дар интихобот 85 фоизро ташкил додааст.

Шояд натиҷаҳои интихобот касеро ба ҳайрат наоварад, аммо барои ду ҳизби ҳақиқатан оппозитсионӣ – ҲХНИТ ва ҲСДТ - ин натоиҷ ноумедӣ ва дилсардиест. Аз ҷумла барои ҲНИТ, ки дар чанд соли охир кӯшиш мекард, то интихобкунандагони навро ба даст оварад. Бояд гуфт, ки ин кӯшиш барҳадар нарафта буд. Родбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, гуфт, ба кори КМИР, ки танҳо аз аъзои ҳизби ҳоким иборат аст, шак ва шубҳа дорад. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо изҳори нигаронӣ кард, ки интихобот мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ сурат нагирифт. Дар маъракаи пеш аз интихоботӣ расонаҳои хабарии оппозитсионӣ дар зери таҳдид қарор гирифтанд, аммо намояндагони ҳизбҳои мухолиф ин маъракаро нисбатан озод дар муқоиса бо панҷ сол пеш донистанд.

Баҳс бо Узбакистон

Баҳсу мунозираҳои сиёсӣ берӯҳ ва бетароват буданд, гарчанде кишвар дар ҳолати душвори иқтисодӣ қарор дорад, бо норасоии энержӣ дар мубориза аст ва вориди баҳси тӯлоние бо ҳамсояаш Узбакистон мебошад. Новобаста аз ҳама ин мушкилот Раҳмон бо қавми хеш ҳукмрони майдони сиёсист, аз ҷумла, пас аз бартараф сохтани мухолифини ба ӯ ногувор. Ташвиши зиндагии ҳамарӯза диққати аҳолиро аз сиёсат дур сохтааст. Ин ҳама дар ҳоле, ки аз се як ҳиссаи аҳолии дорои ҳаққи интихоб берун аз хоки ҷумҳурист. Муносибатҳо бо Русия ҳамчунон дар сардшавиянд ва Раҳмон умед ба Аврупо ва Амрико дорад. Бунёди нерӯгоҳи Роғун, ки аз тарафи Узбакистон хуш пазируфта намешавад, на танҳо муҳаррики маъракаи пеш аз интихоботии президент буд, балки дар оянда бояд сармояи хориҷиро ба худ ҷалб кунад. Ба назар мерасад, хариди «ихтиёрии» саҳмияҳо итмоми худро ёфтааст.
XS
SM
MD
LG