Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Янукович чун президент ба Маскав меравад


Имрӯз нахустин боздиди Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Русия оғоз мешавад. Интизор меравад, ки музокироти ҷонибҳо дар ҷараёни ин боздид ба масъалаи пардохти нархи гази Русия муттамарказ шавад. Таҳлилгарон мегӯянд, Янукович умед дорад, қарордоди миёни ин ду кишварро, ки соли 2009 дар замони нахуствазирии хонум Юлия Тимошенко ба даст омада буд, тағир диҳад. Тибқи ин қарордод Украина барои газ нисбат ба дигар кишварҳои аврупоӣ ба Русия бештар ҳақ пардохт мекунад. Аммо дар остонаи ин боздид Кохи Кремли Маскав гуфт, ки қабл аз тағири муқаррароти ин қарордод бояд Украина мавзеъгириашро дақиқ кунад ва бигӯяд, ки ба узвияти НАТО нахоҳад даромад. Янукович низ гуфт, ки нируҳои дарёии Русия дар Баҳри Сиёҳ метавонанд то соли 2017 боқӣ бимонанд.
XS
SM
MD
LG