Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори шаҳрванди Ӯзбекистон дар марз бо қирғизҳо


Дирӯз дар посгоҳи марзии Айрибази миёни Қирғизистону Ӯзбекистон дар вилояти Ботканд як шаҳрванди Ӯзбекистон ҳадафи тир қарор гирифт. Чолпонбек Турусбеков-муовини фармондеҳи горди марзбонии Қиризистон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, марзшикан ба дастури марзбонон итоат накардааст ва аз марз гузашта, ҳаракатро бо мошинаш идома додааст. Марзбонон ба сӯи мошини вай оташ кушоданд. Ронанда кушта шудааст. Турусбеков гуфт, барои расидагӣ ба ин ҳодиса кумиссиюни вижа ташкил шудааст ва баъдтар натиҷаҳои ин расидагӣ эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG