Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони Маҷлиси Миллӣ курсиҳои худро холӣ карданд


Дирӯз Маҷлиси Миллии порламони Тоҷикистон ахирин иҷлоси худро баргузор кард. Намояндагони ин маҷлис кори худро пурсамар хонданд. Вале Шодӣ Шабдолов-раиси ҳизби кумунист ва намояндаи ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагони порламон гуфт, аксари намояндагон бо вуҷуди донистани мушкили мардум хамӯширо дар порламон бартар медонистанд.Маҷлиси Миллии прламони Тоҷикистон аз 33 курсӣ иборат аст ва акнун баъд аз баргузории интихоботи порламонӣ ҳам Маҷлиси Намояндагон ва ҳам Маҷлиси Миллӣ фаъолияти 5-солаи худро ба поён мебаранд. Ҳайати нави Маҷлиси Миллии Тоҷикистон 25-ӯми март дар интихобот ба ин маҷлис маълум хоҳад шуд. 8-нафари онҳоро раиси ҷумҳури кишвар таъйин мекунад. 25 нафари дигар аз вилоятҳо ва шаҳрҳову ноҳияҳо интихоб мешаванд.
XS
SM
MD
LG