Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои ғарбӣ хостори таҳримҳои зидди Эрон шуданд


Кишварҳои муҳими ғарбӣ хостори ҷорӣ кардани таҳримҳои нав бар зидди Эрон шудаанд, вале Русияву Чин музокироти дипломатиро беҳтарин роҳ ҳали сулҳомези баҳсҳо роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон мешуморанд. Чин ва Русия ҳамчунин аз Эрон хостаанд, ки мухолифатҳои худро бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ ҳал кунад. Ин ожонсӣ пешниҳод мекунад, ки Эрон барои реактори худ дар Теҳрон сӯхти ҳастаиро аз кишварҳои дигари ҳастаӣ бигирад ва чунин кор танишҳоро коҳиш медиҳад. Намояндагони Русия ва Чин дар СММ ба дархостҳо дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои ҷадид бар зидди Эрон посухи мустақим надоданд. Аз ин таҳримҳо Амрикову Британия ва Фаронсаву олмон ҷонибдорӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG