Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ва "қатли ом"-и арманиҳо ба дасти туркҳо


Як кумитаи Конгресси Амрико қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он куштори арманиҳо дар давраи туркҳои усмонӣ "қатли ом" шинохта мешавад. Ин қатънома бар хилофи майли давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико пазируфта шуд. Туркия низ ба унвони кишвари муттаҳиди паймони НАТО ба чунин қатънома мухолиф буд. Туркия барои дифоъ аз манофеи Амрико дар Ховари Миёна ва Афғонистон кишвари муҳим ба шумор меравад. Баъд аз чанд дақиқаи райдиҳӣ Туркия сафири худро аз Вошингтон фаро хонд. Кумитаи умури хориҷаи Конгресси Амрико бо 23 райи ҷонибдор ва 22 райи мухолиф ин қатъномаро ба тасвиб расонд. Акнун ин қатънома ба райдиҳии умумӣ фиристода мешавад ва сарнавишти он рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG