Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хостори беҳбуди муносибот бо Гурҷистон шуд


Владимир Путин-нахуствазири Русия зимни дидораш бо Нино Бурҷанадзе-раиси пешини порламони Гурҷистон дар Маскав бар беҳбуди равобит бо Гурҷистон таъкид кард. Нино Бурҷанадзе яке аз раҳбарони калидии мухолифони давлати Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон аст ва талош дорад вайро аз курсии раёсати ҷумҳурӣ барканор кунад. Путин дар Маскав ба Бурҷанадзе гуфт, вай умед дорад, ки бо Тифлис муносиботи пешин барқарор шавад. Ин муносибот аз соли 2008 ба ин сӯ хеле маҳдуд шудааст. Путин гуфт:

"Мо омодаем робитаҳоро бо ҳамаи нируҳои сиёсӣ ва бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва он гуна, ки ман гуфтам, бо мардуми Гурҷистон густариш диҳем. Ман бовар дорам ва мо ба ин мардум такя мекунем, ба мардуме, ки орзӯ доранд бо Русия муносиботи маъмулӣ дошта бошанд".

Баъд аз ҷанги мухтасари Русияву Гурҷистон дар соли 2008 Бурҷанадзе ба мухолифи ошкорои Саакашвилӣ табдил ёфт ва вайро ҷойгузини эҳтимолии Сакашвилӣ медонанд. Моҳи ноябри соли гузашта Путин бо Зураб Нугайделӣ-нахуствазири пешини Гурҷистон низ мулоқот карда буд.
XS
SM
MD
LG